Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гашт

Дирӯз ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа Шӯрои олимон ба кори худ шуруъ намуд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ, Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Беҳдошти сатҳу сифат ва самаронокиираванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илм-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар факултети филологияи ӯзбек, баррасӣ ва пешниҳоди Комиссияи махсуси кории назди Шӯрои олимони донишгоҳ ҷиҳати аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидани донишҷӯён ва муайян намудани имтиёз ба пардохти маблағи таҳсили муҳассилини ятиму бепарастор, маъюби дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсилкунанда ­­­­­­­‑ аз масъалаҳои меҳварии рӯзнома буданд, ки перомуни он аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ гузориш ироа гардид.

Раиси Шӯро, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо натиҷагирӣ аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дастгирии ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён, ва дигар масоили ҷорӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ