Ҷаласаи навбатии раёсат баргузор гашт
Таҳти сарварии ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷаласаи навбатии Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар кори он 4 масъалаи муҳим: тасдиқи нақшаи кории ҷаласаи раёсати Донишгоҳ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти комиссияи қабул дар Донишгоҳ ва Коллеҷи омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи рӯзнома нақшаи кории ҷаласаи Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2023-2024 мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби аъзоёни он тасдиқ гардид.
Сипас, профессор Абдуқодиров Абдусаттор, муовини раиси комиссияи татбиқи қонуни забон дар Донишгоҳ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сохторҳои муассиса гузориш дода, қайд кард, ки дар ин ҷода корҳои муайян анҷом дода шудаанд, ки мазмуни муҳтавои онҳоро тарғиби Қонуни забони давлатӣ, андешидани тадбирҳо оид ба сатҳи забондонии донишҷӯён, таҳкими фарҳанги нутқи донишҷӯёну омӯзгорон, таҳқиқи масоили забоншиносӣ, такмили таълими забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ ташкил менамоянд.
Дар идома, сардори раёсати таълим, котиби масъули комиссияи қабул Исмоилҷон Маҳмудов оид ба ҷамъбасти фаъолияти комиссияи қабул дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар соли таҳсили 2023-2024 ва ҳамзамон, директори Коллеҷи омӯзгорӣ, Оқилзода Акмал роҷеъ ба ҷамъбасти фаъолияти комиссияи қабул дар Коллеҷи мазкур дар соли таҳсили 2023-2024 ҳисобот доданд.
Дар интиҳо ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб ба масъулини раёсат ва сохторҳои он перомуни таҳкими фаъолияти раванди таълим, илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба пешвози 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил