Ҷаласаи корӣ: вазифагузориҳо дар самти таҳкими сифати таълим
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи кории ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом сурат гирифт. Дар кори ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву сохторҳои донишгоҳ ва деканони факултет иштирок намуданд.
Профессор Аюб Усмонзода доир ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини пешрафти соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири бозори ҷаҳонии меҳнат сухан намуд.
Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндариҷаи ҷомеаи меҳнатӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба беҳтару хубтар намудани сифати таълим, махсусан, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ маҳсуб меёбад. Масъулин муваззаф гардиданд, ки ба ин масъала беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тамоми дониш, нерӯ ва тавоноии худро ба ин самт равона созанд.
Супориш дода шуд, ки дар тамоми дарсҳои омӯзгорон усули фаъоли таълим бо истифода аз тахтаи электронӣ мавриди корбарӣ қарор дода шавад.
Гуфта шуд, ки таъмини сифати баланди таълим кафили рушди соҳаҳои афзалиятноки давлат – илму маориф буда, заминаи мусоид ҷиҳати расидан ба ояндаи дурахшон унвон мешавад.
Ректори донишгоҳ масоили бунёди бинои нави донишгоҳро низ ёдрас шуда, таъкид намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳоиПешвои миллат ва дар ҳамкориву дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала сохтмони он оғоз ва вусъати тоза пайдо хоҳад кард.
Дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таъмини шароити мусоиди корӣ, давомоти донишҷӯён, баланд бардоштани мафкураи идеологии донишҷӯён, таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон ва пешгирӣ аз таҳдидҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Профессор Аюб Усмонзода ба масъалаи таҳкими фаъолияти илмии устодон аҳамияти хос дода, баҳри нашри бештари китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, мақолаҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ва ғанӣ гардонидани иқтидори илмии донишгоҳ маслиҳатҳои муфид дод.
Зикр гардид, ки соли равон барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли таърихӣ маҳсуб ёфта, ҳамакнун аз таъсиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 сол пур мешавад.
Масъулини раёсат, садорати факултет ва омӯзгорон муваззаф шуданд, ки ин рӯйдоди муҳими барои донишгоҳ таърихиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифта, дар самти татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари олии мамлакат, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам хубтари фаъолият ва таъмини пешрафт чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо вазифагузорӣ дар назди масъулин ва баррасии дурнамои фаъолият бо мақсади расидан ба пирӯзиҳои тоза ҷаласаи корӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил