​Ҷаласаи ҷавонон: таҳкими фаъолият ба хотири расидан ба дастовард

Бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати таҳкими фаъолияти созмони ҷавонони факултетҳо ҷаласа доир гардид.

Дар кори ҷаласа раисони созмонҳои ҷавонон ва Шӯрои духтарони факултетҳо иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ташаббус як қатор масъалаҳо, аз ҷумла назорати ҳамарӯзаи риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯён, ташкили семинар оиди дастурамали либосҳои тавсиявӣ бо иштироки сардорони гуруҳҳои академикӣ, омода ва пешнҳод намудани номгӯ ва ҳуҷҷатҳои маҳфилҳои илмию тарбиявӣ ва сиёсӣ, корбарӣ дар самти таҳкими фаъолият ҷиҳати иштирок дар озмунҳои стипендия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ доир ба масъалаҳои мазкур ибрози назар намуда, ҷиҳати таҳкими фаъоляит дар самти расидан ба натиҷаҳои арзанда андешаву пешниҳодоти судманд манзур намуд.

Номбурда бо таъкид ба зарурияти ҷоннок намудани корбарӣ дастуру супоришҳои ректори донишгоҳро ба масъулин расонида, аз нақшаи чорабиниҳо ба муносибати “Моҳвораи ҷавонӣ” маълумот дод.

Ҳамзамон, дар доираи кори ҷаласа масъалаи ташкил ва дар сатҳи шоиста доир намудани фестивал – озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2023” ва озмуни умумидонишгоҳии “Донишҷӯи сол”матраҳ гардид.

Аз масъулини созмонҳои ҷавонон ва Шӯрои духтарони факултетҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати бо шукуҳу шаҳомати хос ва мазмуну муҳтавои баланд доир намудани чорабиниҳо корбариро таҳким бахшида, ба хотири расидан ба дастовардҳои шоиста тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ