​Аксияи тозагӣ бахшида ба Рӯзи умимиҷаҳонии Замин

Бахшида ба Рӯзи умимиҷахонии Замин бо икдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар якҷояги бо намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ аксияи тозагии замин ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабини омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Аксия дар обутобгоҳи соҳили чапи Сирдарё бо иштироки собиқадорони соҳа, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон баргузор гардид. Иштирокчиён бо сарпӯшу либосҳои махсус таъмин буданд. Мақсади асосии гузаронидани ин аксия ҳифз кардани сарватҳои табиӣ ва замин унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ