​Айнӣ: Муаррифии тахассусҳои Донишгоҳ барои довталабон

Дар доираи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ санаи 13 феврали соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2024-2025 вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур дотсент Илҳом Каримов ҷиҳати тарғиби дастовардҳои Донишгоҳ ва муаррифии имконияту ихтисосҳо ин навбат бо довталабони ноҳияи Айнӣ маълумот ироа намуд. Мавсуф зимнан теъдоди ихтисос ва иқтидори илмиву касбии донишгоҳро муаррифӣ кард.

Иттилоъ дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии довталабон дар бораи донишгоҳ маводи махсуси нашршударо, ки маълумоти муфассал фароҳам оварда шудааст, дастрас гардид.

Иар интиҳои миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифт, ки довталабон ба суолҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ