​Ягонагии мо дар гуногунист!

Бо максади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккули ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба анъанаҳои фарҳангии миллӣ, баланд бардоштани шуури таҳаммулпазирӣ байни миллатҳо, таъсиси фазои ягонаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва маданӣ дар факултети филологияи рус чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ин иқдом дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ шуд.

Дар чорабинии марзкур муовини ректор оид ба корхои тарбияи донишгох Усмонзода Аюб ва намояндагони Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Декани факултет зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид дошт, ки эълон гардидани солхои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои миллати тоҷик иқдоми наҷиб аст, ки тавасути он ҳунарҳои миллиамон аз нав бо рангу шакли зинда эҳё гардиданд.

Дар доираи чорабинии мазкур ҳунарҳои миллии ҳалқҳои тоҷик ва рус ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши таомҳои миллӣ манзури иштирокчиён гардид.

Дар қисмати фарҳангӣ – адабии чорабинӣ дар бораи дўстӣ, сулҳ ва Ватан шеъру суруд шунида шуд.

Ҳамзамон, маросимҳои милли халқи тоҷику рус ба намоиш гузошта шуд, ки ба чорабинӣ маънои бештар зам намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ