Ҳафтаи забони русӣ дар кишварҳои хориҷӣ


Санаи 25 октябри соли равон дар мамолики Аврупо ва ИДМ, аз қабили Тоҷикистон, Словакия, Қатар, Либия, Чехия, Испания, Беларус, Қирғизистон, Чехия, Австрия, Қазоқистон, Молдова, ИМА, Урдун кушодашавии онлайнии “Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ” доир гардид. Ташкилкунандаи лоиҳа мақомоти ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийски Федератсияи Русия мебошад.

Барнома бо суханрониҳои ректори Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин Маргарита Русетская, губернатори ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск Наталя Комарова ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Екатеринбург Александр Харлов ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи маросим Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ширкат намуда, сухани табрикӣ гуфт. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини декани факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анисахон Ёқубова ибрози назар намуд.

Барномаи чорабиниҳои «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» баргузории маърӯзаҳо, семинарҳо, ҳамоишҳо, машғулият ва вохӯриҳо оид ба таълим ва омӯзиши забони русӣ дар хориҷа, оммавӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олиро пешбинӣ менамояд. «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» аз 25 то 29 октябри соли равон идома меёбад.

Гуфта мешавад, ки ташкили «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» барои табодули таҷрибаи касбӣ, ба роҳ мондани робитаҳои муфид байни созмонҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, ки бо таблиғи чорабиниҳо оид ба омӯзиши масъалаҳои муҳими забони русӣ дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ ва ҳамкории байналхалқиро боз ҳам пурқувваттар менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ