Ҳафтаи забони арабӣ

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраҳои филологияи араб ва грамматикаи забони арабӣ ҳафтаи забони арабӣ ба роҳ монда шуд.

Ин иқдом таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ба роҳ монда шуда, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Рӯзи байналмиллалии забони арабӣ роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ҳафта дар факултет як қатор чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ ва озмунҳои гуногун доир шуданд. Аз ҷумла, озмуни “Хаттоти беҳтарин”, “Брейн-ринг”, муаррифии таоми миллии арабӣ (хӯроки миллии гарм) баргузор гардиданд.

Зимни конфронси ҷамъбастии ҳафтаи забони арабӣ, ки бо иштироки декани факултет дотсент Раҳимов Ислом сурат гирифт, як қатор фаъолон қадр гардиданд.

Ҳадаф аз эълон гардидани “Ҳафтаи забони арабӣ” тадбиқи амалии омӯзиши забони арабии донишҷӯён, нишон додани маҳорату малакаи азхудкуниву суханронӣ бо забони адабии арабӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ