​Ҳафтаи забони арабӣ ифтитоҳ ёфт

Бо ташаббуси кафедраҳои филологияи араб ва грамматикаи забони арабӣ таҳти унвони “Забондонӣ - ҷаҳондонӣ” ҳафтаи забони арабӣ ифтитоҳ ёфт.

Ин иқдом бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии забони арабӣ”, ки дар таърихи 18 декабр таҷлил мешавад, роҳандозӣ шуд.

Декани факултети забонҳои шарқ дотсент Эҳсонзода Малоҳатхон “Ҳафтаи забони арабӣ”-ро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ҳадаф ва барномаи ин ташаббус ошно намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом озмуни “Брейн-ринг”, “Хаттоти беҳтарин” ва “Маҳорати наттоқӣ ва суруд бо забони арабӣ” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ