​Ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн

Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар факултетҳои донишгоҳ пайваста чорабиниҳои илмӣ баргузор гардида истодааст. Дар робита ба ин дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн ҳафтаи илм оғоз гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳафтаи илм устодон, магистрантон ва донишҷӯён корҳои илмӣ-эҷодии худро, аз қабили китобҳои таълимӣ, макетҳои биноҳои бисёрошёнагӣ, муассисаҳои таълимӣ ва катедҷҳоро ба маърази тамошо гузоштанд. Гуфта шуд, ки дар озмуну чорабиниҳо ва намоишҳо донишҷӯён бо дастранҷи хеш ширкат варзиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ