​Ҳафтаи илм дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ ҳафтаи илм оғоз гардид. Декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Неъматзода Муқаддас чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф дар гузориши хеш қайд намуд, ки инсон ҳамеша пайгири илму дониш гардида омӯзад, аз устодони донишманд истифода барад он вақт муваффақ мегардад. Сипас дотсент кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ, номзади илмҳои педагогӣ, Турдимурод Аҳлиллоев дар мавзуи "Модели назариявии маҳорат ҳамчун асоси ташаккули салоҳияти роҳнамоии касбии омӯзгорон" гузориши муфассал намуд. Сармуаллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Зебохон Юнусова оид ба саҳми Пешвои миллат дар рушди илми тоҷик маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Дар фарҷом муаррифии китобҳои устод Аҳлиллоев Турдимурод ва китоби нави номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Саидзода Диловар баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ