​Ҳафтаи илм: аз семинару маҳфили илмӣ то озмуну бозиҳои интеллектуалӣ

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети математика силсилаи чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дар доираи ин ҳафта маҳфили намунавии донишҷӯёни кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Муҳсинов дар мавзуи «Татбиқи ҳосила дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» ва семинари илмии кафедраи алгебра ва геометрия дар мавзуи «О переопределённой системе трёх интегралних уравнений, когда основным уравнением является третье уравнение» доир шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон дар доираи ин ташаббус бо иқдоми кафедраи методикаитаълими математика ва технологияи иттилоотӣ дар мавзуи “Фаъолияти эҷодӣ ва тадқиқотии хонандагон ҳангоми омӯзиши математика” семинари намунавии илмӣ-назариявӣ, дар кафедраи методикаитаълими математика ва технологияи иттилоотӣ озмуни “Эврика” байни донишҷӯён, “Шоми математикӣ” ва бозии интелектуалии «Заковат» дар кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ баргузор гардиданд.

Ҳадаф аз ин чорабиниҳо таҳкими маърифати донишҷӯён, баланд бардоштани иқтидори илмии факултет, тақвияти сатҳи шуурнокии донишҷӯён дар масъалаҳои гуногуни амалӣ, бархурдор гардидан аз роҳу усулҳои муосири таълим ва сайқал додани донишу маҳорати муҳассилин маънидод мегардад.

Аксҳо ҷараё ни чорабиниҳоро бозгӯ мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ