​Ҳафтаи илм: аз конференсия то озмуну викторина

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети тањсилоти ибтидої ва педагогикаи махсус як қатор чорабиниҳои судманд ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла, давоми ҳафта тибќи наќшаи раёсати илм ва инноватсия намоиши дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёни факултет ва китобҳои тозанашр ба роҳ монда шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло иштирок намуд.

Ҳамзамон, дар доираи ин ибтикор маҳфили илмӣ-амалии донишҷӯён таҳти унвони “Шарораи илм” ва таҳти унвони “Паём- қутбномаи ҷомеаи босаодат” ҷамъомад баргузор гардид.

Дар факултети филологияи рус низ ҳафтаи илм ҷараён дошта, чорабиниҳои мухталиф баргузор гардида истодаанд.

Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Бобоҷон Ғафуров-қаҳрамоне, ки ҳаққи халқи тоҷикро бо таърихи худ ҳимоя кардааст”, бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони факултет ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзуи “Падари илмии шарқшиносӣ шӯравӣ” викторина ва озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи “Аллома Бобоҷон Ғафуров-Қаҳрамони миллат” гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, донишҷӯён бббо роҳбарии омӯзгорони факултет аз хона-музейи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ