​Ҳафтаи илм: аз конференсия то мизи мудаввар

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносї ҳафтаи илм оғоз шуд.Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом бо ташаббуси устодони кафедра як қатор чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат-сарчашмаи ободкориву созандагист» дар хобгоњи №9 конференсияи илмї-амалї баргузор гардид.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, номзади илмњои сиёсї Холдоров Ойбек зимни ифтитоҳи конференсияи илмї-амалї нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, аз татбиқи самараноки ин ҳуҷҷати роҳнамо дар самти расидан ба дастовардҳои арзанда таъкид дошт.

Дар идома сармуаллими кафедра Сангинов Комил дар мавзуи «Асосњои иљтимої-сиёсї ва таърихии экстремизм ва терроризм» маърӯза намуд.

Аз донишҷӯён даъват гардид, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол кӯшиш намоянд.

Ҳамзамон, дар идомаи ҳафтаи илм бо иқдоми кафедра дар факултети тањсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар мавзӯи «Оштии миллӣ ва вањдат - дастоварди бузурги халқи тољик» мизи мудаввар доир шуд.

Сармуаллима Саркорбобоева ва муаллима Алиева ин ташаббусро роҳандозӣ намуда, перомуни нақшу ҷойгоҳи ваҳдат ҳамчун дастоварди нодири миллати тоҷик ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки Ваҳдатимиллӣ аз дастовардҳои олитарини замони истиқлол аст, ки ҳама пешрафту тараққиётҳо аз файзи он сарчашма мегирад.

Интизор меравад, ки ҳафтаи илм дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ то 1 апрел давом карда, силсилаи иқдоми судманд, аз ҷумла чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ, озмун ва ҷамъомадҳои гуногун ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ