​Ҳафтаи худидоракунӣ: Фаъолияти донишҷӯён дар вазифаҳои роҳбарикунанда

Донишҷӯёне, ки ба ҳафтаи худидоракунӣ ҷалб гардиданд, ҳамакнун дар вазифаҳои роҳбарикунандаи раёсату факултетҳои донишгоҳ фаъолият доранд.

Дар маҷмуъ, ба ин ташаббус 45 нафар донишҷӯён ҷалб гардида, онҳо дар вазифаи ректори донишгоҳ, муовинони ректор, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва садорати факултет фаъолият доранд.

Бино ба маълумоти Хайёмиддин Исмоилов, мудири ҳуъбаи кор бо ҷавонон, танҳо дар раёсати донишгоҳ наздик 20 нафар донишҷӯён дар вазифаҳои роҳбарикунанда таҳкими таҷриба дошта, аз ҷониби масъулини раёсату шуъбаҳои донишгоҳ ба онҳо вазифаҳои корӣ фаҳмонида шуда, сабку услуби фаъолият омӯзонида мешавад.

Давоми рӯз масъулини Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ аз ҷараёни коромӯзии донишҷӯён дар доираи ҳафтаи худидоракунӣ дидан намуда, лаҳзаҳои фаъолияти онҳоро сабт намуданд.

Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ зимни ҷаласа ҳадаф ва уҳдадориҳои ҷавононро дар доираи ин ташаббус фаҳмонида, ба онҳо масъулият ва дастурамали вазифавии масъулини раёсатро шарҳ дод.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки давоми ҳафта вақти худро самаранок истифода бурда, ҷиҳати таҳкими таҷриба ва маҳорати худ корбарӣ намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ