​Ҳаёти бидуни хушунатро орзу дорам...

Таҳти ин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо равоншинос Раҳимова Манзура мулоқот сурат гирифт. Ин иқдом дар доираи “16 рўзи мубориза алайҳи хушунат” ба роҳ монда шуд.

Дар доираи мулоқот доир ба хушунат, сабабҳои пайдо шудани он, роҳҳои пешгирӣ ва пайомадҳои он маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки 17 декабри соли 1999 Маҷмаи Умумии СММ 25 ноябррорасманРӯзи байналмилалии барҳам додани хушунат алайҳи занон эълон намудааст.

Гуфта шуд, ки хушунат зуҳуроти номатлуб буда, мубориза бо он бояд вазифаи на танҳо мақомот ва ниҳоди дахлдор, балки тамоми ҷомеа бошад.

Ҳадаф аз ин мулоқот баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ