Ҳаёт бидуни коррупсия

Дар шароити кунунӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир аз масоили доғи рӯз маҳсуб ёфта, сулҳу суботро халалдор ва эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад. Ҳамакнун дар ҷомеаи ҷаҳони муосир коррупсия яке аз мушкилоти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди устувори давлат- дорӣ ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа – иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, ахлоқ ва оромии кишвар зарари манфӣ мерасонад.

Мафҳуми “коррупсия” аз калимаи лотинии “corruption” гирифта шуда, маънои вайрон кардан, харида гирифтан, тобеъ кардан тавассути пора ва ришва доданро дорад. Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.

Кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи маъмурии ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия”,“Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва ғайра.

Маврид ба зикр аст, ки коррупсия дар тамоми дав- раи рушди тамаддуни башарӣ шаклҳои гуногун дошт: шуруъ аз порагирӣ то сӯистифода аз ваколати мансаби давлатӣ. Ҳарчанд ҷиҳати мубориза бо амалҳои корруп- сионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ниҳоди дахлдор, нерӯҳои сиёсӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ибтикороте ба роҳ монда мешавад, усули муассиру муфиди пешгирии ин зуҳуроти номатлуб фаъолияти дастаҷамъона унвон мешавад.

Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, муасси- саҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар соҳа- ҳои мухталифи кишвар якҷоя ҷиҳати мубориза бо коррупсия тадбирҳои ҳадафмандро амалӣ менамоянд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, таъсис ва фаъолияти самарабахши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди амал қарор гирифтани Стратегияву Барномаҳои дурамали давлатӣ, таҳким бахшидан ба вусъати корҳои идеологӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ ва роҳандозӣ гаштани ташаббусҳои дигар байни ҷомеа шаҳодатгари гуфтаҳои болоиянд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” шахсе, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд хабар додааст ё ба тариқи дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Иттилоот дар бораи чунин ашхос сирри давлатӣ маҳсуб ёфта, мувофиқи ҳолатҳои тибқи қонун муайяншуда махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Пеш аз ҳама, бояд бетарафии одамон нисбат ба ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ аз байн бурда шавад. Агар ҳар як узви ҷомеа дар баробари рӯ ба рӯ шудан бо амали коррупсионӣ масъулияти шаҳрвандии худро дар назди қонун иҷро намояд, решакан намудани коррупсия осон мешавад.

Тадбирҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ тавассути тарғибу ташвиқ, таълиму тарбия, таҳлили хавфҳо ва мониторинги зиддикоррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораҳои назорати давлатии молиявӣ, талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда амалӣ карда мешавад.

Назарзода Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ