​Ҷабҳаҳои экологии обшавии пиряхҳо, роҳҳои омӯзиш ва усулҳои ҳифз

Таҳти ин унвон дар толори факултети геоэкология ва туризм чорабинии илмӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” ва татбиқи ҳадафҳои эълон намудани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим баргузор гардид.

Декани факултет, Абдухлиқзода Музаффар ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат дар тамоми сайёра тайи солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин мушкилот, ташкили ҳамоишҳои илмӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати экологии зарур зарур аст.

Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат дар соҳаи обу иқлим дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилоти дар пешорўи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, ҷомеаро барои мубориза зидди тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ даъват менамоянд.

Ҳамчунин дар мавзуъҳои тағйирёбии нишондиҳандаҳои иқлими муҳити табии Тоҷикистони Шимолӣ, тағйирёбии шароити ҳаётии организмҳо дар ҷараёни обшавии пиряхҳо, ва роҳҳои омӯзиш, ҳифзи муҳити экологии пиряхҳо ва тарбияи шавқи хонандагон ба муҳити зист маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар маърӯзаҳо масъалаҳоли обу иқлим ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ