Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ
Имрӯз, 16 ноябр дар МТМУ №13 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзони курси 5-уми факултети таърих ва ҳуқуқчорабинии илмӣ - амалӣбахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор намуданд.
Директори муассиса Алиева М. чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, таҷрибаомӯзШукрона Ҷумаевадар мавзӯи “Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ”маърӯза намуд. Зикр гардид, ки маҳз Иҷлосияба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва ақлу заковати бузург ҳастанд. Бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллату давлати мо аз вартаи ҳалокат раҳо гашта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилал ҳамчун давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ гашт.
Сипас, муаррифии асарҳои Пешвои миллат, муаррифии беҳтарин доир ба яке аз асарҳои Пешвои миллат, саволу ҷавоб аз рӯи асари “Чеҳраҳои мондагон”, кор бо тестҳо, саволу ҷавоби сардорони дастаҳо ва кор бо кроссворду чайнвордҳо гузаронида шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби хонандагон барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил