​Аҳамияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар раванди пуртазоди ҷаҳони муосир

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба омӯзиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ва устодону донишҷӯён мулоқоти судманд баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Набизода Мирзотоҳир мулоқотро оғоз намуда, иброз дошт, ки қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз тадбирҳои муҳим дар самти баланд бардоштани ватандўстии ҷавонон маҳсуб мешавад.

Сипас, Сураҷ Чоршанбезода маърӯза намуда, афзуд, ки ниёзҳои ҷомеаи имрўзи мо зарурати қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” тақозо намуд, ки ҳамакнун дар асоси мавриди амал қарор гирифтани он барои болоравии ҳисси ватандўстии ҷавонон нақши муассир хоҳад гузошт. Зикр шуд, ки Пешвои миллат дар аксари суханрониҳои хеш ба масъалаи ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ташаккули тафаккури шаҳрвандон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат ба таври алоҳида ишора менамоянд, ки ин ҳам ба унвони иқдому ибтикороти тоза дар ҷомеаи мадании кишвар эътироф гардидааст.

Гуфта шуд, ки Қонуни мазкур дар ташаккули худшиносии миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди маърифатӣ, ба роҳ мондани муносибати арзанда ба илму дониш ва ҷиҳати боло бурдани нерӯи фикриву зеҳнӣ шаҳрвандон нақши муассир мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ