​Аҳамияти истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим

Дар доираи ҳафтати илм дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик мизи мудаввар таҳти унвони “Аҳамияти истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим” бо иштироки васеи устодону шогирдон баргузор гардид.

Ҷаласаро мудири кафедраи дотсент Шоира Ҳакимова ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи ташкили мизи мудавварро шарҳ дод. Қайд гардид, ки дарси пурмазмун ҳунармандии омўзгорро талаб мекунад, аз ин рў, мо омўзгорон бояд пайваста бикўшем, ки бо истифода аз технологияи муосир, махсусан, бо тахтаи интерактивӣ, дарси худро самаранок гузаронем.

Гуфта шуд, ки татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, самтҳои инноватсионӣ дар низоми маориф, истифодаи технология дар раванди идоракунии сифати таҳсилот ва аҳамияти истифодаи онҳо дар раванди таълим омӯзиши интерактивиро тақозо мекунад.

Зикр гардид, ки истифодаи тахтаи электронӣ имконият медиҳад, ки дарс шавқовар, ҷолиби диққат, пурмуҳтаво ва мувофиқи матлаб гузарад.

Иттилоъ дода шуд, ки мўзгорони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик тибқи нақшаи чорабиниҳои илмии факултети филологии тоҷик тасмим гирифтаанд, ки барои омўзгорони ҷавон тарзи истифодабарии тахтаи интерактивиро дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик омӯзонанд ва раванди машғулиятҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Сипас, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедра М.Бобоҷонова доир ба насб ва истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим маърўза намуда, иброз дошт, ки тахтаи электронӣ имкониятҳои бениҳоят зиёд дошта, баҳри баланд бардоштани сифати машғулиятҳо мавқеи муҳим мебозад. Истифодаи тахтаи интерактивӣ ба омўзгор имконият медиҳад, ки вақти худро сарфакорона истифода барад, чунки ҳангоми истифодаи тахтаи интерактивӣ нисбат ба тахтаи муқаррарӣ сӣ фоизи вақт сарфа мегардад.

Баъди баромад омўзгорон Д.Каримова, М.Раҳимова, У.Абдурашидова ва И.Бобоева ба музокира баромаданд.

Дар идома бо тахтаи электронӣ корҳои амалӣ гузаронида шуда, тарзи истифодаи барномаҳо бо ҷузъиёташ аз ҷониби сармуаллим М.Бобоҷонова фаҳмонида шуд.

Декани факултет дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ва муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Сорбон Азизов С. аҳамияти баргузории мизи мудавварро амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ