​Семинари омӯзишӣ-тарғиботӣ: Нақши ҷавонон дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ

Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари омӯзишӣ-тарғиботӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” ҷараён гирифт, аз тарафи волонтёрон доир ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз қабили, вируси норасоии масунияти одам маълумоти омӯзишӣ-тарғиботӣ ироа гашт.

Гуфта шуд, ки ВНМО – аз ҷумлаи хатарноктарин вирус барои инсон маҳсуб ёфта, мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ айни замон тақрибан 38 миллион одам дар дунё ба он гирифтор мебошанд, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. То имрӯз дар дунё 32 миллион нафар аз вирус ба ҳалокат расидаанд, ки ин нишондиҳанда танҳо дар соли 2018 – 770 000 нафарро ташкил медиҳад.


Мавриди зикр аст, ки семинар бо мақсади татбиқи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” дар доираи маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ