​Ғолибони олимпиадаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Шӯрои олимони донишгоҳ муайян ва қадр гаштанд

Дирӯз дуюми марти соли ҷорӣ, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ғолибон ва фаъолони олимпиадаи вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ аз фанни барномарезӣ барои дарёфти ”Ҷоми Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”-ро бо Димлом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр намуд.

Дар натиҷаи баҳогузорӣ Муҳаммадҷон Ҳамитов – хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ, шаҳри Хуҷанд мақоми аввалро сазовор гашта, соҳиби Ҷом ва дипломи дараҷаи 1 гардид.

Зинаҳои баъдиро Манучеҳр Абдураупов – хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ, шаҳри Хуҷанд ва Сарвар Юлдашев – хонандаи Мактаби хусусии О.Ҷӯраев, шаҳри Конибодом соҳиб гашта, бо диплом тақдиронида шуданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати фаъолона иштирок намудан Садиҷон Акилов - хонандаи МТУҒ "Паймон", шаҳри Хуҷанд, Шокири Муҳаммадризо – хонандаи Мактаби хусусии О.Ҷӯраев, шаҳри Конибодом, Фируз Раззоқов – хонандаи Мактаби хусусии О.Ҷӯраев, шаҳри Конибодом, Низомиддинов Низомидин – хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ, шаҳри Хуҷанд ва Нодири Хусрав – хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ, шаҳри Хуҷанд бо ифтихорнома қадр карда шуданд.

Олимпиадаи вилоятии мавриди зикр бори аввал ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миқёси вилояти Суғд ширкат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташаббускори ин иқдом факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ буда, ҳадаф аз он ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши технологияҳои нав, аз ҷумла барномарезӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ