Баргузории маҳфили илмӣ-амалии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика, таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дарсинфхонаи№301 бинои таълимии №3 доир гардид.

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур, дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, иштирокчиёни навбатии маҳфил-донишҷўёни факултети математикаро бо ҳадафҳои асосиимаҳфил ошно намуд.

Озмунимазкуразрўи 3 шарт - «Истифодаи тахтаи интерактивӣ White board дар машғулиятҳои информатика», «Кор бо филворд» ва «Ҳалли масъалаҳои математики бо истифодаитахтаи интерактивӣ» ба роҳ монда шуд, ки донишҷўён бо лаёқати баланд иҷро намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон се мақоми ифтихориро - Амирҷон Раҳимов, Икромова Манижа ва Мавзуна Баҳриддинзода соҳиб гашта, бо ифтихорнома тақдиронида шуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ