​Конференсия: “Масъалаҳои мубрами синология”

Дар факултети забонҳои шарқ дар доираи ҳафтаи илм бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами синология” конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар конференсия аз ҷониби донишҷӯёни соли чорум ва панҷуми ихтисоси забони хитойӣ-англисӣ дар мавзуъҳои “Зарбулмасал ва мақолаҳои чинӣ”, “Ҳаёт ва фаъолияти Ли Бо”, “Пайдоиши нахи абрешим”, “Сулолаи Тан ва рушди муносибатҳо бо давлати Сомониён” ва “Муносибати байни Чин ва Тоҷикистон” бо истифода аз муаррифинома маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳафтаи илм дар факултети забонҳои шарқ силсилаи ташаббусҳои судманд ба роҳ монда шуд, ки конфронси мазкур аз ҷумлаи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ