​Мизи мудаввар: “Паёми ояндасози миллат”

Дар хобгоҳи № 3 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ таҳти унвони “Паёми ояндасози миллат” мизи мудаввар доир гардид. Дар доираи ин чорабинӣ оид ба Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, филми кӯтоҳмуддат намоиш дода шуд.

Ҳамзамон, дар мавзуъҳои “Нақши занону бонувон дар ҷомеа”, “Ҷавонон ва ҷомеа”, “Тиб-соҳаи афзалиятноки ҷомеа” ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маърӯзаҳо ироа гардид.

Дар бораи муҳтаво ва аҳамияти китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷониби донишҷӯн тариқи муаррифинома маълумот пешниҳод шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ