Озмуни "Иншои беҳтарин"

Шӯрои олимони ҷавони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бахшида ба30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Китоб – сарчашмаи дониш» дар байни донишҷӯён озмуни «Иншои беҳтарин»-ро эълон менамояд.

Даври донишгоҳии озмун санаи 15 марти соли 2021, соати 14:00 дар Китобхонаи илмии донишгоҳ баргузор мегардад.

Ғолибон бо ифтихоронома ва тӯҳфаи хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуда, ҷиҳати иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат мегиранд.

Афзалият ба иншоҳое дода мешавад, ки аз ҷиҳати мазмун ва риояи меъёри забони тоҷикӣ ва имло бартарият дошта, ҳусни хати зебо доранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ