​Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори сулҳи тоҷикон

Таҳти ин унвон бо иштироки донишҷӯёни факултети санъат соати тарбиявӣ доир гардид, ки дар он мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдунаим Бердишукуров иштирок намуд.

Ин ташаббус дар партави дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати сазовор таҷлил намудани рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки инчунин дар тамоми факултетҳои донишгоҳ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Ваҳдат саодати халқ аст" эълон шудааст.

Дотсент Бердишукуров зимни суханронӣ аз нақшу саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳ ва суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон кори худро аз сулҳ оғоз намуда, дар роҳи хомӯш намудани оташи ҷанг ҷони худро дареғ надоштаанд.

"Аз суханронии нахустини Пешвои муаззами миллат дар дили мардум шӯълаи умедҳо фурӯзон гардида, халқи тоҷик ба ояндаи дурахшони Ватан бовар ҳосил намуд. Хидматҳои мондагори мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми сарбаланди тоҷик ба инобат гирифта, ба мавсуф унвони олии "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро сазовор донист" - зикр намуд Бердишукуров.

Лозим ба қайд аст, ки дар чорабинии мазкур сармуаллимони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Холдоров О ва Ӯлмасова М ширкат намуда, перомуни мавзӯъҳои болозикр маърӯзаҳо ироа намуданд.

Ҳамзамон, декани факултети санъат Аминҷонов Раҳимҷон доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони роҳбарии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки номи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо хати заррин сабт гардида, руйдоду пирӯзиҳои нодири Тоҷикистон маҳз бо номи ин фарзанди фарзонаи миллат алоқаманд аст.

Хотиррасон мекунем, ки мавзӯи мазкур дар доираи соати тарбиявӣ ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил





МАРКАЗИ ИТТИЛООТ