​90 соли қадамҳои устувор ба сӯи комёбиҳо ва дастовардҳо

Чунин ном дошт чорабинии илмӣ – амалӣ, ки имрӯз бо ташаббуси факултети иқтисодӣ ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Чорабинӣ бо иштироки як қатор масъулини раёсати донишгоҳ ва деканони факултетҳо сурат гирифт.

Муовини ректор оид ба таълим профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ паёми табрикотии ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Исломро бахшида ба 90 солагии донишгоҳ ба самъи ҷомеаи меҳнатии факултети иқтисодӣ расонид.

Дар идома аз ҷониби як қатор устодони факултет перомуни таърихи таъсис, ташаккул ва рушди донишгоҳ маърӯзаҳо ироа гардиданд. Аз ҷумла, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Аюбов Аминҷон дар мавзӯи “Шарораи хотироҳо”, профессор Қодиров Абдураҳмон таҳти унвони “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровдар солҳои истиқлол”, профессор Исмоилов Мамараҷаб дар мавзӯи “Хотираҳо аз давраҳои фаъолият дар донишгоҳ” ва доктори илмҳои иқтисодӣ Алиҷонов Ҷамшед таҳти унвони “Нигоҳи таърих бо инъикоси давраи муосир баҳри оянда” маърӯза намуданд, ки шуниданиву ҷолиб буд.

Барномаи фарҳангӣ ба ташаббуси мазкур шукуҳи бештар бахшид.

Дар фарҷом декани факултет дотсент Нуриддинова Манзура ба масъулин ҷиҳати иштирок изҳори сипос намуд.

Як қатор устодон бо туҳфаҳои роҳбарияти донишгоҳ қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ