​90-сол дар масири пешрафт ва дастовард

Дар толори факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷониби магистрантони бахши якуми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, психология маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “90-соли музаффариятҳо” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Маҳфили илмӣ-адабӣ бо Суруди миллӣ оғоз гардид. Баъдан, Шоира Носирова - магистранти бахши якум дар мавзуи “90-сол дар масири пешрафт ва дастовард” маърӯза намуд. Зикр шуд, ки ин марҳиларо метавон барои донишгоҳ як давраи комили таърихӣ унвон намуд, зеро давоми 90 соли мавҷудият донишгоҳ тавонист ба сӯйи пешрафт устоворона қадам гузошта, аз як донишкадаи хурди омӯзгорӣ ба як маркази пуриқтидори илмиву касбӣ ва муассисаи бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёбад.

Дар идомаи чорабинӣ қироати шеъру суруд дар васфи Ватан, иҷрои саҳна аз ҷониби магистрантон бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пешкаши иштрокдорон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ