​90 рӯзи комгорӣ ва саодат

Бо ташаббуси кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит» таҳти унвони «90 рӯзи комгорӣ ва саодат» бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъомад доир гардид.

Дар даромадгоҳи факултети иқтисодӣ ба ин муносибат намоиши дастоварди ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар идома аз ҷониби устодон дастурҳои таълимӣ-методӣ ва илмии кафедра муаррифӣ гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ силсилаи чорабиниҳо идома дорад, ки иқдоми мазкур аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ