​Мулоқот: роҳҳои муфиди мубориза бо хушунат

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон“Гулрухсор” мулоқот доир шуд.

Сабабҳои гирифторшавӣ ба хушунат ва пайомадҳои ин зуҳурот дар мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ИшановаШафоат, намояндаи ТҶ “Гулрухсор” дар бораи фаъолияти марказ ва роҳҳои пешгирӣ аз хушунат маълумот дод.

Таъкид гардид, ки гарчанде дар Тоҷикистон то имрӯз ҷиҳати мубориза бо хушунат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ амал мекунанд, ҳамоно ин зуҳурот решакан нашудааст.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ кӯшиш намуда, дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ