​Эссеи беҳтарин: “Аҳамияти рушди илм ва инноватсия дар замони муосир”

Имрўз 1-уми марти соли 2021, дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни эссеи беҳтарин дар мавзўи “Аҳамияти рушди илм ва инноватсия дар замони муосир” байни донишҷўёни курси якум ва дуюм баргузор гардид.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Ситорамоҳ Носирова - донишҷўи соли дуюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ.Забони русӣ, Дилором Мусоева ва Мўниса Юнусова - донишҷўёни соли аввали ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ.Забони русӣ мақомҳои ифтихориро касб намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани озмуни эссеи беҳтарин дар мавзўи “Аҳамияти рушди илм ва инноватсия дар замони муосир” муайяннамоии сатҳи донишандўзии донишҷўён ва савияи маърифати онҳоро дар ин самт маънидод карда мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки рушди илм ва инноватсия, ки масъалаи муҳими асри гузашта ба ҳисоб меравад, то ҳол масъалаи якуминдараҷаи замони муосир аст, ки мавқеи инсон ва ҳаётгузаронии моро бо тамоми ҷабҳаҳои ҳаётӣ дигаргун сохт. Бинобар ин, ҳар як шахси дар ҷамъияти имрўза фаъолиятдошта, ўҳдадор аст, ки аз пешравии техникаҳои нав, истифодаи мошинаҳои ҳисобкунанда, автоматикунонидашуда бохабар шуда, мавқеи худро дар ҷомеа ишғол кунад ва баҳри пешравии он ҳиссагузор бошад.

Инқилоби илмию техникие, ки дар замони муосир ба миён омад, шакли истеҳсолот, мавқеъ ва вазифаи шахсро тағйир дод ва дар пешравии соҳаи маориф низ ба инкишофи илму техника мусоидат намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ