​Паём роҳнамо ва роҳкушои миллат

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 уми январи 2021 ироа гардид, оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ пешкаши ҳамагон гардид. Паёми пурарзиши Президенти кишвар ин роҳнамои миллат оид ба иқтисодиёт ва стратегияҳою нақшаҳои мамлакату Ҳукумат ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Ҳадафи Роҳбари давлат ин баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба забон, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои табииву дақиқ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба соҳаи маориф дурандешонаву назарсанҷона диққат намуда, камбудиву бурдбориҳои ин соҳаро бепарда иброз медоранд. Супориш дода шуд, ки дар баробари омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ низ аҳамият бояд дод. Инчунин, диққати сарвари давлат ба таълими фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ боиси таҳсин аст, зеро он ба пешравии ҷавонон ва рушди кишвар мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки маҳз бо дилсӯзиву ҷонгудозиҳои Сарвари давлат дар тӯли 29 соли Истиқлолият мамлакати мо ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳибидавлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи мо, манзилу маъво ва имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.Файзу баракат ва нерӯи истиқлолият аст, ки мо имрӯзҳо ба истиқлолияти энергетикӣ расидем ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Халқи тоҷик дар муддати на чандон тӯлонӣ ба дастовардҳо ноил гашта, фаъолияти созандаи худро ба иҷрои ин самтҳои стратегӣ равона карда истодааст.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Зикр бояд кард, ки дар асоси Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххасе медиҳанд.

Зимни баромад қайд карда шуд, кирушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Президенти кишвар бо ғамхории беандозаи худ баҳри фароҳам овардан ва дастгирӣ намудани кишоварзон дар муддати як сол аз супоридани андоз барои замин озод намуд, ки ин ғамхорӣ барои вусъат бахшиданба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво, парранда ва ғайра замина хоҳад гузошт.

Пешвои миллат тарбияи ҷавонони боистеъдодро дар мадди аввал гузошта, барои муваффақиятҳои ояндаи кишвар таҳкурсиҳои боқувват гузоштанро таъкид намуданд. Омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки дар шароити кунунӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тамоми нерӯи худро равона созанд ва онро вазифаи аввалиндараҷаи худ донанд. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Барои ҳавасманд гардонидан ва дастгирӣ намудани ҷавонон, аз ҷумла магистрантон ва докторони илм идрорпулии онҳоро ба миқдори 30 фоиз баланд бардоштанд, ки ин диққати махсуси Пешвои миллатро нисбат ба донишандӯзии ҷавонон нишон медиҳад.

Дар чунин шароит ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бояд тамоми саъю талоши худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири пешгирӣ кардани пайомадҳои бӯҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, таъмин намудани пешрафти босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати кишвари азизамон сафарбар намояд.

Бахусус, дар корҳои ободониву созандагӣ, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ҳар як фарди бонангу номус ва тамоми мардуми кишвар бояд саҳмгузор бошанд ва ҳар як оила, дар навбати аввал, хонаву кошона, кӯчаву деҳа ва маҳалли зисти худро тозаву озода ва ободу зебо гардонад.

Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна профессор, декани факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ