Ҷавонон алайҳи хушунат

Дар факултети забонҳои шарқ дар доираи маъракаи “16 рӯзи алайҳи хушунат” мулоқот доир гардид. Орзу Ғаниева, директори ТҶ “Насл” оид ба нақши ҷавонон ҷиҳати мубориза бо хушунат маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки ҷавонон қувваи фаъоли ҷомеа буда, ҷиҳати пешгирии зуҳуроти номатлуб саҳми муассир доранд. Перомуни пайомад ва роҳҳои муфиди мубориза бо хушунат Гулорохон Тураева, раиси Шӯрои бонувони факултет сухан намуд. Ҳамзамон, миёни иштирокчиёни мулоқот бозии интерактивӣ гузаронида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки аз 25 ноябр то 10 декабр дар саросари ҷаҳон аксияи байналмилалии мубориза алайҳи хушунат гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ