Ҷараёни таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯён

Донишҷӯёни соли чорум ва панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқ зимни таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯён тибқи қарори ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз 5-уми ноябри соли 2020 таҳти рақами 2537 ба тасвиб расида, ҳамакнун мувофиқи нақшаи тақсимоти донишҷӯён ҷараён дорад.

Дар доираи иқдоми мазкур 11 нафар донишҷӯёни ихтисоси таърих ва таърих - бостоншинос дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ба номи Зайниддин Осимов таҷрибаомӯзӣ доранд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯён дар дарсҳои хонандагони синфҳои 8 -11 иштирок намуда, мувофиқи нақша мустақилона дарс низ мегузаранд.

Хотиррасон менамоем, ки дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати таъмини таҷрибаомӯзии сифатноки омӯзгории донишҷӯён тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.

Бахтиёр Сайдалиев

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ