​Дарси кушод: донишҷӯён дар бораи археология маълумот пайдо намуданд

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи “Археология. Маълумоти умумӣ” бо ҷалби донишҷӯёни курси якуми ихтисоси таърих дарси кушод гузаронида шуд.

Ин дарс таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археология Моҳира Ғайбуллоева ташкил гардид. Дар ҷараёни дарси кушод доир ба аҳамияти бостоншиносӣ ҳамчун як шохаи илми таърих, бозёфтҳои археологӣ ва мавзеҳҳои таърихии Тоҷикистон маълумот дода шуда, аз муаррифӣ ва аёниятҳо истифода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён дар бораи Саразм ҳамчун муаррифгари тамаддуни 5500-солагии тоҷикон маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми сентябри 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида,31- уми июли соли 2010 дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дардавлати Бразилия баргузор гардид, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдмони нодир ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Дарси кушодро декани факултет, номзади илмҳои таърих Иброҳим Ҷабборов ва мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исомиддинов мавриди таҳлил қарор дода, омӯзиш, тарғиб, ҳифзи таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодиро баҳри баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ барои донишҷӯён талқин намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ