​Конфронс: "Саҳми профессор Ғафур Ҳайдаров дар рушди илми таърих"

Дар толори Китобхонаи марказии донишгоҳ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Саҳми профессор Ғафур Ҳайдаров дар рушди илми таърих ва тарбияи мутахассисони баладихтисос" бахшида ба ёдбуди Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ғафур Ҳайдаров доир гардид.

Дар кори конфронс директори китобхона дотсент Дилбар Самадова, декани факултети таърих, дотсент Иброҳим Ҷабборов, доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев ва устодони кафедраи таърихи халқи тоҷик иштирок намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни конфронс оид ба ҳаёту фаъолият ва мероси илмии профессор Ғафур Ҳайдаров маърӯзаҳо ироа гардид.

Ҳамзамон, дар толори китобхона намоиши китобҳои илмии олимону муҳаққиқони таърихшинос ба маърази тамошо гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ