​Дар “Хазинаи ҳикмат” раванди асотиркунонӣ ҳамчун фарҳанги шуури оммавӣ таҳлил гардид

Дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа семинари навбатии илмии доимоамалкунанда “Хазинаи ҳикмат” баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинари мазкур Мусабеъ Қурбонова - сармуаллимаи кафедра дар мавзӯи “Таҳлили раванди асотиркунонӣ ҳамчун фарҳанги шуури оммавӣ” ва Муътабар Бегматова – муаллимаи кафедраи мавриди назар доир ба “Нақш ва мақоми оила дар ҷамъият” маърӯза намуданд.

Ҷоизи қайд аст, ки мақсади гузаронидани семенар ин баланд бардоштани дониши илмии омӯзгорони ҷавон ва баррасиимасъалаҳои илмӣ, ва дар ин замина, ташаккули афкори фалсафии устодон мебошад. мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ