​Дарси кушод: "Физиология, хусусиятҳои синну солии узви ихроҷ ва гигиенаи он"

Дар факултети биология ва химия дарси кушоди мудири кафедраи тиббӣ-биологӣ, дотсент Мақсадой Обидова дар мавзӯи "Физиология, хусусиятҳои синну солии узви ихроҷ ва гигиенаи он" бо иштироки донишҷӯёни соли 2-юми ихтисоси биология доир гардид.

Дарси кушоди Мақсадой Обидова бо методи таълими салоҳиятнокӣ ҷараён гирифта, дар раванди дарс аз аёният, слайд, тахтаи электронӣ ва проектор истифода бурда шуд.

Зикр гардид, ки узви ихроҷ дар организми инсон аҳамияти хеле калон дорад. Бидуни он инсон наметавонад арзи ҳастӣ намояд. Ҳамчунин номбурда доир ба сохт ва вазифаи пӯст дар наврасон, ғадудҳои арақҷудокунӣ, аҳамият ва хусусиятҳои синну солии фаъолияти гурдаҳо, ҳаҷм ва андозаи шошадони кӯдакон ва гигиенаи он ибрози андеша намуд.
Сипас байни донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.


Қаюмова Дилфузахон, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ