Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар донишгоҳ
Имрӯз, санаи 2 октябри соли 2020 дар толори раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз нақшу мақоми омӯзгор дар рушди ҷомеа ва давлат таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам маҳсуб ёфта, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад.
Ректори донишгоҳ саҳми омӯзгоронро дар тарбияи насли наврас, пешрафти ҷомеа ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманду соҳибтахассус муассир унвон намуда, намояндагони ин касби пуршарафро ба муносибати рӯзи касбӣ табрик гуфт.
Ҷиҳати пос доштани хотири шодравон устодони донишгоҳ лаҳзаи хомӯшӣ эълон шуд.
Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғдро ба самъи ҷомеаи устодони донишгоҳ Мирзотоҳир Набиев, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд расонид.
Аз ҷониби Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд баОсорхонаи донишгоҳ ҷиҳати ғолибият дар озмуни “Беҳтарин осорхонаи шарафи ҷанг ва меҳнат” диплом ва китоби тозанашри Турсунбой Раҳматов, ки ба 75 солагии Ғалабаи Бузург бахшида шудааст, супорида шуд.
Ҳамзамон, ба ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода Сипосномаи Шӯрои генералии Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар қисмати қадршиносӣ 2 нафар устодони донишгоҳ бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, ба як қатор устодони фаъоли донишгоҳ Ифтихорномаи ректори донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил