​Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаи Авруосиёӣ

5 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи Авруосиёӣ аз фанни информатика, ки тариқи онлайн сурат гирифта истодааст, иштирок доранд. Олимпиадаи мазкур дар донишгоҳи давлатии Оренбург дар доираи лоиҳаи таълимии байналмиллиалии "Олимпиада ва озмунҳои Авруосиёӣ" ташкил шуда, ҳадаф аз он дарёфти ҷавонони лаёқатманд мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар ин олимпиада 3 нафар донишҷӯён аз факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ - Хоҷаев Ҷамолхӯҷа, Сулаймонқулов Суҳроб ва Мамадҷонов Дилшод ва 2 нафар аз факултети математика - Ахмедов Санҷар ва Раҳимов Амирхон намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯён аз давлатҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Беларусия иштирок доранд.

Интизор меравад, ки олимпиадаи Авруосиёӣ то 15-уми апрел давом кунад.

Аз натиҷаи олимпиада дертар хабар медиҳем.

Фаррух Усмонов,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ