​Баррасии масоили марбут ба сифати тарбия

Бахшида ба рӯзи илми тоҷик дар кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ конференсияи илмӣ – анъанавии донишҷӯён доир гардид.

Дар доираи конференсияи мазкур аз ҷониби донишҷӯён доир ба мавзуъҳои “Омилҳои баланд бардоштани сифати тарбия дар мактаб”, “Нақши омӯзгор дар дарси муосири ҳуқуқ”, “Баҳогузории муосир дар таълими таърих”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Роҳ ва усули гузаронидани олимпиадаи мактабӣ аз фанни ҳуқуқ” ва дигар масоили мубрам маърӯзаҳо ироа гардид.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодон ба донишҷӯён суолҳо пешниҳод гардида, беҳтаринҳо ғолиб муайян шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки ба муносибати рӯзи илми тоҷик дар тамоми факултетҳои донишгоҳ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, донишҷӯён, магистрантон ва олимони ҷавон идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ