​Изҳорот: Қаллобиҳои Муҳаммадиқбол ошкор шуд

Тавре Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, ки имрӯз дар аврупо риш монда аз ояту расул ва ҳадисҳои пайғамбари ислом мисолҳо оварда, мардумро бо чунин ахлоқи “писандида” ба риштаи надомат “мекашанд”, қаллобу дуздбудааст. Пас, аз эълони қаллобии Садуридинов Муҳаммадиқбол (Муҳаммадиқболи Садриддин) бадахлоқии раиси ин дузд Кабирӣ аз ҷониби рӯзноманигори нақиқатҷӯ ва мубориз Додоҷони Атоулло расонаӣ шуд. Мардуми тоҷик фаҳмид, ки як гуруҳ авбошони бадахлоқу шаҳватпарасти занбоз талош ба он доранд, ки курсии роҳбарии чк кишварро ба ӯҳда гиранд ва ба мардуми фарҳангсолори маънавиятпарвари тоҷик роҳбарӣ намоянд. Бубин тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷо. Имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович ва пайвандону наздикони онҳо бо аризаи шикоятӣ нисбати кирдорҳои қаллобкоронаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович дари мақомотшои қудратиро мекубанд. Пас а тафтишот Покуратура гунералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум намуд, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод. Ҳамчунин дар гузориш зикр гардидааст, ки “Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад”. Ин хоинон дар баробари чунин фиребу найранг ва расонидани зарари калони пулӣ, ин гуна нафарони ба нангу номусро имрӯз мутаҳҳам менамоянд. Мо даъват менамоем, ки қаллоб Муҳаммадиболи Садриддин ба тезӣ дастгир карда шуда, маблағҳои бо роши қаллобт гирифтаи ӯ пас гардонида шавад. Бодя чунин нафарон дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ