​Истифодаи усулҳои муосири таълим дар дарси кушод

Бо иштироки донишҷӯёни соли панҷуми факултети забонҳои шарқ дарси кушод гузаронида шуд. Низомиддин Муродӣ, профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ мавзӯи “Интихоби ҳамсар дар Чин” -ро барои донишҷӯён фаҳмонид.

Дар дарс декани факултет, мудирони кафедра, Ли Яҷие - омӯзгор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони ШТР “Азия” иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дарс бо истифода аз методҳои муосир гузаронида шуда, барои мустаҳкам намудани дониши донишҷӯён аз намудҳои гуногуни бозиҳои шавқовар истифода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ