​Маҳфил: Масъалаҳои мубрами адабиётшиносии рус ва хориҷ

Дар факултети филологияи рус маҳфили кушоди илмии донишҷӯён таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами адабиётшиносии рус ва хориҷ” (Актуальные проблемы русского и зарубежного литературоведения) баргузор гашт.

Он бо забони русӣ ҷараён гирифта, иштирокдорон дар мавзӯи “Женские образы в романе М.В. Лермонтова “Герой нашего времени” табодули афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки роҳандозии маҳфили мазкур дар самти баррасии симои зан дар таърихи адабиёти рус, ва ба ин васила, омӯзиши афкору нигоҳи шоирону нависандагони рус нақши муассир хоҳад гузошт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ