​Рафти озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол” ҷараён дорад.

Озмуни мавриди зикр дар се давра бо ҷалби устодони донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тадрис, густариши маҳорати касбии омӯзгорон ташкил ва гузаронида мешавад.

Давраи аввали озмун дар сатҳи кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид, ки дар натиҷа 77 нафар ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол” дар сатҳи факултетҳо то 15-уми апрел ҷараён гирифта, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Давраи баъдина аз 15-уми апрел то 30-юми майи соли ҷорӣ дар сатҳи донишгоҳ баргузор мегардад.

Маврид ба қайд аст, ки иштирокчиён аз рӯйи сифати дарс ва дараҷаи маҳороату малакаи касбӣ, истеъдоди ташаккул додани қобилияти зеҳнӣ ва фаъолияти эҷодии донишҷӯён, дараҷаи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ, истифодаи технология ва методологияи навгаро, корбасти шаклҳои гуногуни дарс, усулҳои фаъоли таълим ва ғайра ба баҳогузорӣ шуда, ғолибон бо ҷоиза ва мукофотҳо арҷгузорӣ хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ