Мизи мудаввар: Модели муосири низоми молиявӣ
Дар факултети молия ва иқтисодиёти бозори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мавзӯи “Мураттабсозии модели муосири низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.
Ширкаткунандагон доир ба масоили самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, кортҳои пластикӣ ҳамчун маҳсулоти муосири бонкӣ ва танзими амалиёти асъорӣ дар низоми бонкӣ мубодилаи афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил