Озмуни “Китобхони беҳтарин” баргузор гашт

Байни донишҷӯдухтарони дар хобгоҳҳои №1, 2, 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иқоматдошта, озмуни “Китобхони беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар озмуни мавриди зикр донишҷӯдухтарон аз рӯйи шартҳои 4 шарт, аз ҷумла, “Муаррифии гурӯҳ”, “Муаррифии асари хондашуда”, “Намоиши саҳна аз рўйи асар” ва “Саволу ҷавоб дар доираи асари хондашуда” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Озмуни “Китобхони беҳтарин” рӯйи холгузории ҳайати ҳакамон ҷамъбаст ва ғолибону фаъолон қадр гаштанд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорон аз ташкили чунин озмун изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории онро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ